ВОХУРИИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Дар доираи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати вусъат бахшидани    корҳои  ободониву  бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону сокинони  ноҳияи Қубодиён мулоқот доир намуд.
Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат  оид  ба рушди  иқтисодиву  иҷтимоии соҳаҳои  хоҷагии халқи  ноҳия  дар соли 2022  ва ҳадафу  нақшаҳо  дар соли  2023  маълумот  пешниҳод  намуд.
Муҳтарам Давлаталӣ Саид  дар мулоқот  бо роҳбарияти ноҳия, фаъолону  сокинон оид ба татбиқи Лоиҳаи  рушди  соҳаи иқтисодиву  иҷтимои  дар давраи соли  2021-2025 ибрози  назар  намуда,  таъкид доштанд  дар  ин самт  мақомоти маҳал  корбариро вусъат бахшида, тадбирҳои  зарурӣ андешида шавад.  Таваҷҷуҳи  роҳбарияти ноҳия  ва аҳли  ҳамоишро  ба   рушду  тақвият бахшидани  соҳаҳои  кишоварзиву  саноатӣ  ҷалб намуда,  даъват  ба  амал  оварданд, ки дар доираи лоиҳаҳои амалишаванда фаъолият намуда,  баҳри  баланд бардоштани   сатҳи иқтисодиёти ноҳия  ва   беҳдошти рӯзгори сокинон мусоидат намоянд.

Дар ҷараёни  мулоқот  ҳамчунин  вобаста ба масъалаҳои  иҷрои  ҳатмии нақшаи андозҳо, тақвияти   фаъолияти соҳибкорӣ  дар маҳал, бунёдкорӣ, корхонаҳои саноатӣ истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои  нави  корӣ  ва  дар муҳлати  пешбинишуда  амалигардонии 8  лоиҳаҳои  пешбинишуда  табодули  афкор  карда  шуд.   Дар  мавриди  дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон   иљрокунандаи вазифаи раиси вилоят махсус  таъкид дошта, зикр намуданд, ки аз ҳисоби ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати рушди  соҳибкории хурду миёна  қарзҳои  имтиёзнок  равона карда  шавад.

Аз роҳбарияти  ноҳия  ва  масъулон  сабаби  аз  фаъолият бозмондани  ду  корхонаи саноатӣ дар ноҳия  пурсида  шуд  ва  дар ин маврид  дастур дода шуд,  ки дар муҳлати кутоҳтарин камбудиҳои  ҷойдошта  бартараф  ва фаъолияти корхонаҳо барқарор карда шавад.
Дар ҷараёни  мулоқот  як  қатор  масъалаҳои  ҳалталаб  аз  ҷумла  истифодаи сарфакоронаи  нерӯи барқ  ва ҷамъоварии маблағи  барқи истифодашуда, вусъат бахшидани   бунёдкориҳо  дар иншооти сохташаванда, таъмини муассисаҳои соҳаи маориф  бо  кадрҳои омӯзгорӣ  ва  соҳаи  тандурустӣ  бо мутахассисони касбӣ, ҷалби бештари   занон  ба  корҳои  ҷамъиятӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо  мавриди  баррасӣ қарор гирифта, роҳбарону  масъулон  вазифадор карда шуданд,  ки дар ин замина корбарӣ кунанд.

Related Articles