Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти
Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 бо иштироки Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, як қатор раисони кумитаҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони сарраёсату раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоњи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, нозироти андоз, молия, омори шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист, раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо, ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳия”, инчунин васоити ахбори омма ширкат доштанд.
​Ҷаласаи ҷамъбастиро нахуст раиси вилоят Давлаталӣ Саид оғоз намуда, иброз доштанд, ки соли 2022 ба кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон соли хотирмону таърихӣ боқӣ хоҳад монд.
Фаъолон ва сокинони вилоят ҳидоятҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯри бо фаъолони вилоят рӯзи 24 феврали соли 2022, ҳамзамон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Ҳукумати мамлакатро сармашқи кори ҳамешагии худ намуда, дар ҷамъбасти соли 2022 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Сипас, муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 дар назди ҳозирин ҳисобот дода, қайд намуд, ки дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани тадбирҳои муайян ва меҳнати софдилонаи сокинон, соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ афзоиш ҷёфта, ба ҳолати 1 январи соли 2023 нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ дар сатҳи 108,1% таъмин гардид, ки ба ҳар сари аҳолӣ 9,5 ҳазор сомонӣ рост омада, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба ҳар сари аҳолӣ 1600 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол тамоюли рушди устуворро касб намуда, давоми давраи ҳисоботӣ дар миқёси мамлакат 24,8 фоизи њаљми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52,9 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, 23,8 фоизи гардиши мол, 12,4 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 33,5 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 17,4 фоизи мусофиркашонии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2022-ум 103,0% таъмин гардида, ба буҷет 2 млрд. 54,8 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 60,8 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 188,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
​Дар самти ҷамъоварии андозҳо соли сипаригардида, 5552 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарз ба маблағи 188,9 млн сомонӣ қабул ва аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 167,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд.
Ҳамчунин ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияпулиҳои андоз 168,2 млн сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14,6 млн. сомонӣ коҳиш дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соњаи истеҳсолӣ равона намуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 % афзоиш ёфта, ба 1289,2 сомонӣ баробар шуд.
Дар вилоят шумораи нафақахӯрон зиёда аз 273,2 ҳазор нафарро ташкил дода, талаборти маблағи нафақапулӣ, ки 1 млрд. 57,2 млн.сомониро ташкил мекунад, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба самтҳои мухталифи иќтисодиёти вилоят 66 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 58 млн. доллари онро сармояи мустақим ташкил дода, ин нишондод дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 52,1 млн. доллар ё баробари 8,8 маротиба зиёд мебошад.
Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 40 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёдоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 млрд. сомонӣ ба имзо расониданд.
Дар ин давра, танҳо дар вилоят 4 форуми иқтисодию сармоягузорӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2022» дар шаҳри Бохтар, Форуми рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Норак, Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» дар шаҳри Кӯлоб, Форуми соҳибкорони байниминтақавии вилояти Хатлон ва шаҳри Конияи давлати Туркия дар ноҳияи Данғара баргузор гардиданд.
Бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар вилоят ва тамоми шаҳру ноҳияҳои он Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои
2021-2025 қабул ва мавриди амал қарор дорад.
Тибқи натиҷаи мониторинги иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар 112 лоиҳа ба маблағи 3,0 млрд. сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки дар маҷмӯъ 35,3 фоизи нишондиҳандаҳои панҷсоларо ташкил дода, иҷрои нишондиҳандаҳои солҳои 2021-2022 ба 107,2 % баробар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ, гардиши савдои хориҷӣ ба 498,2 млн. доллари амрикоӣ расонида шуда, аз ин 238,2 млн. доллар содироти молу маҳсулот ва 260 млн. долларро воридот ташкил дода, Ҳаҷми содирот дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135,3 % ё баробари 62,2 млн доллари амрикоӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ, 1,2 ҳазор тонна матоъ, 1,7 млрд. кв. соат. неъруи барқ, 418,4 ҳазор тонна семент, 269,4 ҳазор тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва муассисаҳои қарзии дар вилоят фаъолиятдошта ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 3,0 млрд сомонӣ қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 120,1 % ё баробари 504 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Масъалаи шуғлнокӣ ва таъмини бекорон бо ҷои корӣ таҳти таваҷҷуҳ ва корбариии ҳамарузаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар ин давра аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 56693 љойњои нави корӣ таъсис дода шуда, аз ҳисоби баргузории 432 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 5584 нафар бо ҷоий кори доимӣ ва 8002 нафар бо шуѓли мавсимӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа ба 26,4 млрд сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати соли гузашта 106,7 фоизро ташкил дода, 1,6 млрд сомонӣ афзуд. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 106,2% ва дар соҳаи чорводорӣ ба 107,9% баробар гардид.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ
1115,6 ҳазор тонна ғалладона, 273,2 ҳазор тонна пахта, 224,6 њазор тонна картошка, 1644,8 њазор тонна сабзавот, 237,8 ҳазор тонна мевагиҳо, 125,5 ҳазор тонна ангур ва 676,8 ҳазор тонна полезиҳо истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82932 тонна ғалладона, 3229 тонна пахта, 10748 тонна картошка, 96752 тонна сабзавот, 31544 тонна полезиҳо, 21488 тонна мевагиҳо ва 17081 тонна ангур зиёд мебошад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар
майдони 433,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбати соли гузашта 3293 гектар зиёд мебошад.
Аз ҷумла ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар хусуси самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин соли ҷорӣ дар майдони 20636 гектар, аз ҷумла 11577 гектар байни боғу токзорҳо, 1982 гектар заминҳои партов, 4466 гектар заминҳои чарогоҳҳои барои кишт мувофиқ ва 2611 гектар заминҳое, ки зери корњои мелиоративӣ қарор доранд, кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ҷиҳати
таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар
бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор соли 2022 дар
майдони 121694 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки 9596 гектари онро
кишти зери плёнка ташкил менамояд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахши соли 2022 286,0 ҳазор
тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 100,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои коркард 273,2 ҳазор тонна пахта супорида шуд, ки нисбат ба соли 2021 3229 тонна зиёд мебошад.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2022 дар майдони умумии 134500 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2712 гектар зиёд мебошад.
​Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят аз 52,9 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 770 гектар грмхонаҳои мавсимӣ, 28,5 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ, аз он ҷумла помидор 10800 тонна, бодиринг 9307 тонна ва 8441 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол карда шуд.
Соли 2022 дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 1268,4 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 1208 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 6,4 баробар таъмин гардид.
Инчунин дар ин давра 361,5 гектар боғҳо ва 130,6 гектар токзорҳо барқарор карда шуда, дурнамои он мутаносибан 124,2-101,2 фоиз таъмин гардид.
Дар асоси маълумотҳои оморӣ соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар
23,8 ҳазор тонна маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ ба давлатҳои Федератсияи Руссия, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белоруссия содирот карда шуд.
​Маҳсулотҳои содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотҳоро ташкил медиҳад.
​ Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Саноаткунонии босуръати кишвар” тадбирҳои муайян роҳандозӣ гардида, корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 10,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 1,5 млрд. сомонї зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 16,7 % ва бо нархҳои муқоисавӣ 15,5 % таъмин карда шуд.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард 59,8%, саноати истихроҷи маъдан 4,3%, истеҳсоли нерӯи барқ 35,4 %, тақсимоти нерӯи барқ ва дигар хизматрасониҳо 0,5 фоизро ташкил дода, дар маҷмӯъи маҳсулоти соҳа ҳиссаи саноат нисбати энергетика 28,2% зиёд мебошад. Инчунин муовини раиси вилоят дар баробари ҳисобот додан оид ба самтҳои дигар дастовардҳо ёдоварӣ намуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди шунидани ҳисобот ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта аз як қатор раисиони шаҳру ноҳия, муовинон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор пурсон шуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта ба фаъолон дастуру супоришҳо дода, таъкид намуданд, ки диқати хешро ҷиҳати иҷрои нақша, дурнамо, барномаҳои давлатӣ ва нишондиҳандаҳои соли 2023 равона намуда, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гарданд.
Тавре ки ҳамагон огаҳанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Паёми
навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳот ба ифтихори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин, оила, кадбону ва хонаи беҳтарин бобати гиромидошти арзишҳои миллӣ, ташвиқу тарғиб ва дастгири намудани таҷрибаи пешқадам, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва ҳавасмандгардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2022, №228 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияи беҳтарин” дар сатҳи вилоят қабул гардида, дар ҷамъбасти ҳар сол ғолибони озмуни вилоятӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти соли 2022 ғолибони озмуни вилоятии номбурдаро қадршиносӣ намуданд.