Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Даврон”-и ноҳияи Панҷ боздид намуданд.
Эмомқулов Абдуҷабор, роҳбарии хоҷагб иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии “Даврон” соли 2009 ташкил шуда, майдони умумии хоҷагӣ 3,50 гектар заминро дар бар мегирад ва самти асосиаш пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ мебошад. Ҳоло дар майдони 2,30 гектар пахта, 0,30 гектар картошка, 0,20 гектар полезӣ, 0,20 гектар ғаладонагӣ, 0,30 гектар беда, 0,20 гектар дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз натиҷаи ба даст овардаи заҳматкашони ноҳия ва дастгирии муроҷиати Президенти мамлакат доир ба истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани майдони зироатҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ин хоҷагии деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин созанд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 15 майи соли 2024 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 6344 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон