Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка дар кооперативи истеҳсолии ба номи Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.
Ҳасанзода Баҳодур, роҳбари хоҷагӣ иттилоъ доданд, ки хоҷагии мазкур соли 1967 таъсис ёфта, майдони умумиаш 1376 гектар буда, аз он ҷумла 425 гектар ғаладонагиҳо, 95 гектар беда, 18 гектар сабзавот, 14 гектар картошка ва дар 700 гектари дигараш пахта кишт намудааст.
Хоҷагӣ соли ҷорӣ дар майдони 14 гектар картошка кишт намуда, айни ҳол барои ҷамъоварӣ ҳосили картошка омода мебошад.
Зимни суҳбат раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз натиҷаи ба даст овардаи кишоварзон изҳои қаноатмандӣ намуда, барои оқилона истифодабарии замин изҳори сипос намуданд.
Дар ин хоҷагии деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин созанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон