Анонс: Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Шоми имрӯз, 21 сентябр, соати 18:00, дар майдони назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ барпо мегардад.

Дар ин маросим иштироки роҳбарияти вилоят дар назар аст. 

Иштирокдорони ҳамоиш, сокинону меҳмонони шаҳр ин шом метавонанд аз намоишгоҳи китобҳо, «рӯдакихонӣ»-и толибилмон ва барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар иҷрои ҳунармандони саршиноси вилоят баҳраманд шаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 

Related Articles