Дар ноҳияи Дӯстӣ маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо шуд, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иштирок ва суханронӣ кард.
Махфират Хидирзода сокинони ноҳия, фаъолон ва аъзои ҲХДТ-ро ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Дӯстӣ табрику таҳният гуфт.
Муовини раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ баргузор шуда буд, қайд намуд, ки ин ҳизб зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.
Зикр шуд, ки бинои кумитаи иҷроия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён дошта буданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур аз ҷониби фаъолони ҳизб дар ноҳия ба сохтори ноҳиявии ҳизб тақдим гардида, барои таъмиру тармими ин иншоот зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб акнун дар 5 ҳуҷраи корӣ ва як толори барҳавои маҷлисгоҳ, ки бо шароити мусоиди корӣ, мизу курсӣ ва технологияи муосири компютерӣ-иттилоотӣ таъмин мебошанд, фаъолият хоҳанд кард.
Қобили тазаккур аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ то соли 2021 бунёду навсозии 191 иншоот пешбинӣ шудааст. Соли 2018 ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур дар Дӯстӣ 13 бино ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 43 иншооти дигар, дар умум 56 иншоот, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 29,3%-и нақшаро ташкил медиҳад. Бо бунёди иншоотҳои мазкур 304 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин ҳам ҷиҳати амалисозии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – таъмини рушди босуботи мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд мусоидат мекунад.
Айни ҳол шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ ба 3688 нафар расидааст, ки ин қувваи бузург аст. Аз ин шумора 1257 нафарашон зан ва 1654 нафарашон ҷавонони то 30-сола мебошанд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи онҳо дар 89 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд. Дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб 5 нафар мутахассисони ботаҷриба фаъолият менамоянд.
— Ҳизбиён бояд ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбро бо масъулияти баланд иҷро намоянд, — афзуд Махфират Хидирзода. — Бовар дорам, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо азму иродаи устувор дар корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ фаъолона ширкат меварзанд.
Барои фаъолияти пурсамар ва тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба КИ ҲХДТ дар нохияи Дӯстӣ автомашинаи хизматӣ тақдим гардид.
Бо ифтитоҳи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ шумораи биноҳои хуштарҳу замонавии ҳизбӣ дар вилояти Хатлон ба 13 адад расид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлонv