ЧИЛДУХТАРОН

Чилдухтарон — қаторкӯҳҳои одаммонанде мебошад, ки дар ду қисмати шимолии Муъминобод доимо дар қиём рост истодааст. Дар назди ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебо, бо резапайкарҳои сурхкӯҳи одаммонанд хувайдост.

Оиди кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ нақлу ривоятҳои зиёде машҳур аст, ки ҳоло яке аз онҳоро манзӯр мекунем. Ривоят чунин мебошад. Дар замонҳои қадим тӯдаи аҷнабиён иғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум карда, марду занон, писару духтаронро бо худ ғулом карда, ба мамоли, ки дурдаст бурда мефурӯхтаанд. Хусусан духтарони хушлиқоро зӯран асир гирифта мебурданд.
Дастаи ғоратгарони масъуд аз тарафи шимоли Мӯъминобод ба ҳуҷум мегузаранд. Ҳар ҷонзоди зиндае, кипеш меомад аз теғи буррои онҳо пора-пора мегардид. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон мекарданд, мардуми бонангу баномуси Дуоб ба муҳоффизати зану духтарон, муйсафедону кампирон бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷанганд.

Чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманро зада мегардонданд, аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лақаю Туркнишин ҷамъоварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум мекунанд. Индафъа барои ҳимояи марзубумихеш, тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми Дуоб низ мебароянд. Задухурд чанд шабонарӯз давом мекунад. Оқибат қувваи душман бартариӣ нишон дода аҳолии беяроқу бепуштупаноҳро ба сӯи кӯҳҳои сарбафалак фишор меоранд, қисми аз аҳолӣ ба сӯи кӯҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд, кампиру муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гурӯҳ духтарон, ки қувваи асосии душманро паиҳам шикаст медоданд, аз фишори шадиди хунхорони малъун тоб наоварда сӯи куҳҳо паноҳ бурданд.

Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани онҳо буд. Воқеан онҳо ба мақсади худ наздик мешуданд,духтарон чун мебинанд,ки аз дасти ин тӯдаи ваҳшиён, бепардаю бехаё мегарданд ба сӯи Худои Таъолло рӯ оварда, илтиҷо мекунанд,ки онҳоро ба ин девсифатон рӯ ба рӯ накунанд. Дуои онҳо иҷобат шуд назди Аллоҳи мехрубон,ҳар кадом дар ҷои хеш санг гашт ва чун рамзӣ озодию ватанпарварӣ то ҳануз дар қиёманд. Ин мавзеъро ҳазорҳо сол боз Чилдухтарон меноманд .

Related Articles