ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ ПОЯИ ПАРЧАМУ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ДЕҲАИ СИЁҲФАРК

ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнов пояи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.

Пояи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, арзиши умумии он 830 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонии иншоот 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, бо ин васила барои фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл дар маҳал мусоидат шудааст.

Ҳамзамон, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкор Убайдулло Зайфуллозода ва бо маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2025 оғоз ёфта, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо иншооти нав таъкид намуданд, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор мераванд. Дар ин замина, бунёд ва нигоҳдории рамзҳои давлатӣ барои таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти хос дорад.

Ҳамчунин, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ дар маҳал дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мегузорад. Коргоҳи дӯзандагӣ метавонад барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл, бахусус барои занону духтарон, заминаи мусоид фароҳам оварад.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг буда, саҳми соҳибкорони маҳаллиро дар рушди инфрасохтор, густариши хизматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ инъикос менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles