ХОВАЛИНГ: БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДАР ДЕҲАИ ХУРАКДАРА ХОНАҲОИ НАВ СОХТА ШУД

ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Дар доираи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, воқеъ дар деҳаи Хуракдара, хонаи истиқоматӣ барои чор оилаи омӯзгор мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Маҳмад Файзов сохта шуда, арзиши умумии он 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Хона барои чор оилаи омӯзгор ва ҳашт омӯзгори ҷавоне, ки дар муассиса фаъолият доранд, пешбинӣ шуда, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, бо шароити зарурӣ таъмин мебошад.

Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳ иброз доштанд, ки дастгирии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву фаъолияти онҳо дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия нақши муҳим дорад. Ба таъкиди ӯ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии омӯзгорон метавонад барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии маҳалҳо ва устувор гардидани фаъолияти онҳо мусоидат намояд.

Таъмини омӯзгорон бо манзили зист яке аз иқдомҳои муҳими дастгирии соҳаи маориф ба шумор меравад. Мавриди истифода қарор гирифтани ин хона барои беҳтар шудани шароити зиндагии оилаҳои омӯзгор ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои фаъолияти минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles