ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнов майдончаи варзиширо, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Собир Ҳакимов сохта шуда, арзиши умумии он 580 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонии иншоот моҳи сентябри соли 2025 оғоз гардида, бо ҷалби 13 нафар шаҳрванд пурра ба анҷом расонида шудаанд.
Ба истифода додани майдончаи варзишӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба варзиш имконият фароҳам меорад. Инчунин, иншооти мазкур дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди қобилиятҳои ҷисмонии наврасону ҷавонон ва тарбияи насли солиму фаъол саҳми муҳим мегузорад.
Бунёди чунин иншооти варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ яке аз иқдомҳои муҳими беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ буда, барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии хонандагон мусоидат менамояд.
Мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сиёҳфарк идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг буда, саҳми соҳибкорони маҳаллиро дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои насли наврас инъикос менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

