ХОВАЛИНГ: МАЙДОНЧАИ ФУТБОЛ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №1 ИФТИТОҲ ГАРДИД

ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Дар доираи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг майдончаи варзишии болопӯшидаи хурди футбол дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 мавриди истифода қарор гирифт.

Майдонча бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов бунёд гардида, арзиши корҳои сохтмонӣ 890 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти варзишӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машғул шудани хонандагон ба футбол ва дигар машқҳои ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳ таъкид намуданд, ки ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш яке аз роҳҳои муҳими ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими ирода ва тарбияи насли солиму фаъол мебошад. Фароҳам овардани шароити зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ метавонад шавқу рағбати хонандагонро ба варзиш бештар намояд.

Майдончаи нав ба хонандагон имкон медиҳад, ки вақти худро самаранок истифода бурда, маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, чунин иншоот барои рушди ҳаракати оммавии варзиш ва дарёфти наврасони соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles