ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Дар доираи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Питовду ҷамоати деҳоти Шугнов санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд.
Фурудгоҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Тибқи нақша, дарозии фурудгоҳ 1200 метр ва паҳноии он 100 метрро ташкил медиҳад.
Татбиқи ин иқдом дар оянда метавонад барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, густариши имкониятҳои сафарҳои ҳавоӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба ноҳияи Ховалинг заминаи мусоид фароҳам оварад. Бо дарназардошти имкониятҳои сайёҳии ноҳия, бунёди чунин иншоот метавонад дар муаррифии мавзеъҳои таърихию табиӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ низ саҳм гузорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва иқдомҳои созандаи онҳо ҷонибдорӣ намуда, чунин амалҳоро дар самти ободонии диёр, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Гузоштани санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ дар ноҳияи Ховалинг қадами муҳим дар самти татбиқи ташаббусҳои созанда ба шумор рафта, идомаи ҳамкории соҳибкорон ва мақомоти маҳаллиро дар роҳи рушди инфрасохтор ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ноҳия инъикос менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

