КӮШОНИЁН: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 ХОНАНДА ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №55

КӮШОНИЁН, 8 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Навбаҳор ба сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 санги асос гузоштанд.

Бинои иловагӣ бо ташаббуси сокинони маҳал ва тариқи ҳашар бунёд карда мешавад. Дар назар аст, ки он аз 8 синфхона иборат буда, барои таҳсили 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардад.

Маблағи лоиҳавии сохтмони бинои иловагӣ 1,2 миллион сомонӣ арзёбӣ гардида, хароҷоти он аз ҳисоби саҳми сокинони маҳал таъмин карда мешавад.

Зимни гузоштани санги асос таъкид гардид, ки ташаббусҳои сокинон дар самти бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф аҳамияти муҳим доранд.

Сохтмони бинои иловагӣ имконият фароҳам меорад, ки шумораи ҷойҳои нишаст дар муассиса зиёд гардида, хонандагон дар шароити муносибтар ба таълим фаро гирифта шаванд.

Иқдоми сокинони деҳаи Чорсӯ дар бунёди иншооти таълимӣ намунаи саҳмгузории аҳолӣ дар рушди соҳаи маориф ва ободонии маҳал арзёбӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles