БОХТАР, 22 октябр. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо устондори устони Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Ғуломҳусейн Музаффарӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳо байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва устони Хуросони Разавии Эрон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот таъсиси корхонаҳои муштарак, табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон аҳамияти муҳим дорад.
Устондори устони Хуросони Разавӣ Ғуломҳусейн Музаффарӣ изҳор дошт, ки минтақаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо вилояти Хатлон манфиатдор буда, Утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ густариши робитаҳо бо Тоҷикистонро, ки кишвари бародару дӯст мебошад, аз ҳадафҳои худ медонад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид низ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, онҳоро пайвандҳои таърихӣ ва мероси муштарак ба ҳам мепайванданд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми имконотро баҳри тавсеа ва амиқтар намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон, хосса устони Хуросони Разавӣ, сафарбар менамояд», — иброз дошт Давлаталӣ Саид.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду минтақа баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки аз Эрон ба Тоҷикистон асосан молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла сафолак, ширеш, дару тиреза, халта ва таҷҳизоти гуногун ворид карда мешаванд. Аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содирот мегардад.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ ва дорусозӣ, инчунин густариши робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди вилояти Хатлон ва устони Хуросони Разавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар изҳори хушбинӣ намуда, омодагии худро барои идомаи муколама ва тақвияти робитаҳои дуҷониба баён доштанд.
Мулоқоти мазкур дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест–2026» барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон аҳамияти муҳим дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

