БОХТАР, 22 октябр. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Кумитаи иҷроияи минтақавии шуъбаи минтақавии ҳизби «Русияи воҳид» дар вилояти Пенза, муовини раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Пензаи Федератсияи Русия Сергей Николаевич Мельников ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон ба истеҳсол, коркард ва бастабандии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа ва ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ имкониятҳои васеъ дорад. Ҷониби Русия ин иқдомро муҳим арзёбӣ карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ дар ин самт изҳори умедворӣ намуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ доданд, ки дар вилоят беш аз 400 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ фаъолият доранд. Ин корхонаҳо асосан ба коркарди пахта ва истеҳсоли нахи баландсифат, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо машғул мебошанд. Таъкид шуд, ки густариши ҳамкориҳои судманд метавонад ба зиёд гардидани шумораи корхонаҳо ва афзоиши иқтидори истеҳсолии вилоят мусоидат намояд.
Зимни мулоқот Давлаталӣ Саид таъкид карданд, ки Тоҷикистону Русияро муносибатҳои анъанавии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва гуфтугӯи созанда асос ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи минтақавӣ низ ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон ҳамкориҳои байниминтақавиро бо як қатор субъектҳои Федератсияи Русия фаъолона рушд дода, бо вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, онҳоро амалӣ менамояд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки соли ҷорӣ байни вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Федератсияи Русия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ду минтақа заминаи муҳим фароҳам меорад.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои вилояти Хатлонро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, энергетика ва коркарди маҳсулот баррасӣ намуда, ба зарурати таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, табодули таҷриба дар бахши агросаноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои музокирот барои татбиқи ташаббусҳои нави муштарак, ҷалби сармоя, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содирот, инчунин таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Федератсияи Русия мусоидат хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

