НОРАК: ИНШООТИ ВАРЗИШӢ, НАВРӮЗГОҲ ВА МАЙДОНЧАИ КӮДАКОНА ИФТИТОҲ ГАРДИД

НОРАК, 23 октябр. Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак як қатор иншооти иҷтимоию фароғатӣ бунёд карда шуданд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш мусоидат менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак иншооти мазкурро ифтитоҳ намуда, ба иқдоми соҳибкори маҳаллӣ дар самти ободонии маҳал ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, дар деҳаи Тутқавул майдончаи варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст бунёд гардидааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва машғулиятҳои ҷисмонии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, имконияти мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, Наврӯзгоҳи замонавӣ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст, ки барои таҷлили ҷашнҳои миллӣ, баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст.

Бунёди чунин иншоот ба эҳёи суннатҳои миллӣ, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои баргузории чорабиниҳои идона мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, барои фароғати кӯдакон майдончаи махсуси бозиву истироҳат ташкил карда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки кӯдакон вақти холии худро дар муҳити мусоид гузаронида, ба бозиҳои шавқовару солим ҷалб гарданд.

Инчунин, дар ҳамин мавзеъ ҳаммом ва иншооти фароғатӣ бунёд гардидаанд, ки ба беҳтар шудани шароити хизматрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои истироҳату фароғати сокинон равона шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо иншоот ба ташаббусҳои созандаи соҳибкори маҳаллӣ таваҷҷуҳ намуда, саҳми ӯро дар ободонии маҳал ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҷалби соҳибкорон ва сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ барои рушди инфрасохтори маҳаллӣ, беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои истироҳату фароғати аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Чунин иқдомҳо, бахусус барои наврасону ҷавонон, дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби онҳо ба варзиш ва фароҳам овардани муҳити мусоиди иҷтимоӣ нақши муҳим мегузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles