Санаи 23 октябр дар шаҳри Норак дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» Фестивал-намоиши анор бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муаррифии имкониятҳои кишоварзии вилояти Хатлон, тарғиби анъанаҳои боғдорӣ, рушди анорпарварӣ ва ҷалби сармоя ба соҳа равона гардида, барои шиносоии меҳмонон бо иқтидори истеҳсолии минтақа замина фароҳам овард. Қобили зикр аст, ки соли сеюм аст, ки дар доираи чорабиниҳои марбут ба Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» Фестивали анор баргузор мешавад.
Зимни боздид аз намоишгоҳ иштирокчиён бо навъҳои гуногуни анори ватанӣ, натиҷаи заҳмати боғпарварон ва имкониятҳои рушди ин самти кишоварзӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳ беш аз даҳ навъи анор пешниҳод гардида, маҳсулот бо тарҳу ороиши ҷолиб, аз ҷумла дар шакли пирамидаҳо, ба маъраз гузошта шуд. Ҳамчунин, шарбати анор ва дигар маҳсулоти аз ин мева омодашуда муаррифӣ гардиданд, ки имкониятҳои коркарди ашёи хоми маҳаллиро инъикос мекарданд.
Вилояти Хатлон бо иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва таҷрибаи ғании кишоварзон барои рушди боғдорӣ, аз ҷумла парвариши анор, шароити мувофиқ дорад. Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ёвон, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Шамсиддин Шоҳин ин навъи мева парвариш карда шуда, кишоварзон барои таъмини ҳосили босифат ва қонеъ гардонидани талаботи бозор талош менамоянд.
Анор бо таъми хос ва арзиши ғизоии худ дар бозори дохилию хориҷӣ талабот дорад. Аз ин рӯ, рушди анорпарварӣ метавонад ба афзоиши даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.
Барои баланд бардоштани самаранокии соҳа истифодаи ниҳолҳои хушсифат, интихоби навъҳои мувофиқ ба шароити иқлим, риояи қоидаҳои агротехникӣ, обёрии самаранок ва ҳифзи боғҳо аз касалию ҳашароти зараррасон аҳамияти муҳим доранд. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири парвариш ва тақвияти ҳамкории кишоварзон бо олимону мутахассисон барои беҳтар кардани сифати ҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари истеҳсоли мева, рушди коркарди саноатии анор низ дорои аҳамияти иқтисодӣ мебошад. Таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли шарбат ва дигар маҳсулоти коркардшуда, бунёди анборҳои муосир ва такмили низоми нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулот имкон медиҳанд, ки талафоти ҳосил кам ва арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад.
Дар ин замина, баргузории фестивал барои ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорону соҳибкорон ба имкониятҳои мавҷудаи соҳа мусоидат менамояд. Иштирокчиён метавонанд бо иқтидори хоҷагиҳои маҳаллӣ шинос шуда, барои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ, дарёфти шарикони нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак замина гузоранд.
Дар маҷмуъ, Фестивал-намоиши анор дар шаҳри Норак ҳамчун минбари муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дастовардҳои боғпарварон ва имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон аҳамияти муҳим дорад. Баргузории он дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест – 2026» барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратии минтақа бо шарикони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

