КӮШОНИЁН: РОҲИ МАҲАЛЛИИ ДЕҲАИ ОРЗУ МУМФАРШ КАРДА ШУД

КӮШОНИЁН, 8 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки сокинони деҳаи Орзуи ҷамоати деҳоти Навбаҳор роҳи аҳамияти маҳаллии деҳаро, ки бо ташаббуси сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳамдеҳагони бурунмарзӣ мумфарш карда шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Роҳи мазкур 1,5 километр дарозӣ дошта, корҳои мумфаршкунии он бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Ин иқдом бо саҳми сокинони маҳал, соҳибкорон ва ҳамдеҳагони муқими хориҷи кишвар амалӣ гардида, барои беҳтар гардидани шароити рафтуомади сокинон ва дастрасии онҳо ба дигар минтақаҳо замина фароҳам меорад.

Тибқи маълумот дар деҳаи Орзу ҳудуди 1200 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Сокинони деҳа асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ машғул мебошанд.

Зимни мулоқот бо сокинон раиси вилояти Хатлон иқдоми онҳоро дар самти ободонии маҳал нишонаи масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳа арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки чунин корҳои созандагӣ ва ободонӣ бояд дар оянда низ идома дода шаванд.

Мумфарш гардидани роҳи деҳаи Орзу яке аз иқдомҳои созандаи сокинон ба ҳисоб рафта, барои беҳтар шудани инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles