РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
- Мутахассиси пешбари шуъбаи сармоягузории Раёсат 1 ҷой, маоши мансаби 1890 сомонӣ 80 дирам.
- Мутахассис (кадри)-и шуъбаи идораи молу мулки давлатии Раёсат 1 ҷой, маоши мансабӣ 1415 сомонӣ 20 дирам.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
– таҳсилоти олии иқтисодӣ ихтисоси ба мансаби ишғол шаванда мувофиқи иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
– таҳсилоти олии иқтисодӣ ихтисоси ба мансаби ишғол шаванда мувофиқи иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони сардори Раёсат;
– варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– 2 дона расми андозааш 3х4;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда);
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ
– маълумотнома аз ҷои истиқомат;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
– нусха билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонамудаанд);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
шаҳри Бохтар, кӯчаи Сино-3
телефон барои тамос: 2-31-86
Муҳлати қабулиҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳармоҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт мешавад.