ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Имрӯз, 1 апрел дар вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи рекордӣ оғоз ёфт. Тибқи иттилои масъулон, нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.

Бори дуюм аст, ки вилояти Хатлон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар тавонист нақшаи даъватро дар рӯзи аввал комилан иҷро кунад. Ин нишондиҳанда аз омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ миёни онҳо шаҳодат медиҳад.

Ба муносибати ин рӯйдоди муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Навдаъватшавандагон аз назди комиссариати ҳарбии вилоят бо парчамҳо ва шиорҳои ватандӯстона раҳсипори варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуданд. Дар ин роҳпаймоӣ садҳо ҷавонони ихтиёрӣ иштирок карда, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба намоиш гузоштанд.

Дар варзишгоҳ маросими бошукӯҳи гусели сарбозон доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин чорабинӣ ҳузур дошта, ба ҷавонони навдаъватшуда суханони табрикотӣ гуфт. Ӯ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар як ҷавон дониста, таъкид кард, ки ин як мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.

Пас аз суханронии раиси вилоят маросими анъанавии нонгазон баргузор шуд. Модарону падарон бо чашмони пур аз ифтихор фарзандони худро барои адои хизмати ҳарбӣ гусел намуда, ба онҳо дуои нек доданд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони машҳури вилоят идома ёфт. Баромади овозхонҳо, рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои махсуси театришуда ба чорабинӣ ранги хоса бахшиданд. Ҷавонон бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз Ватан барои адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.

Тибқи иттилои масъулон, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон пурра иҷро гардида, ҳоло омодагӣ барои идомаи сафарбаркунӣ дар дигар манотиқи кишвар идома дорад.

Related Articles