Имрӯз, 29 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар қабули сайёр 16 нафар шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ, гирифтани иҷозати сохтмон барои кушодани нуқтаи хизматрасонии таъомҳои миллӣ, ҷудо намудани саҳми замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб, мусоидат ҷиҳати таъмир ва мумфарш намудани роҳи деҳа аз ҳисоби аҳолӣ ва соҳибкорон, ба расмият даровардани қитъаи замини майдончаи варзишӣ ва сохтмони он аз ҳисоби маблағи сафари ҳаҷ, дастрас намудани аробачаи маъюбӣ, дастрас намудани чигити тухмии аълосифат, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, розигӣ барои бастани роҳ ҷиҳати таъмири пул аз ҳисоби аҳолӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ аз ҳисоби соҳибкори ватандӯст дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ ва ба модаре, ки барои фарзанди маълулаш аробача хост, аз ҷониби раиси вилоят аробача тақдим гардид.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳалли мушкилоти мардум яке аз вазифаҳои авлавиятноки мақомоти маҳаллӣ мебошад ва дар ин замина тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Ӯ инчунин қайд кард, ки масъалаҳое, ки ба вақти бештар ё ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ниёз доранд, зери назорати шахсӣ гирифта хоҳанд шуд.
Сокинон аз ин иқдоми раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин қабули шаҳрвандон имконият медиҳад, ки масъалаҳои онҳо мустақиман ба роҳбарияти вилоят расонида шаванд ва дар ҳалли онҳо суръат бахшида шавад.
Дар ҷамъбасти қабул, раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муассир байни мақомоти маҳаллӣ ва сокинон омили муҳими рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия мебошад. Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин, раиси вилоят бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбат намуда, оид ба вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон