ҶОМӢ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15

Имрӯз, 24 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Дар муассисаи таълимии мазкур мушкилоти норасоии ҷойи нишаст аз байн рафта, барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хонандагон 1127 нафарро ташкил дода, бинои иловагӣ аз тарафи падару модарон, шахсони саховатпеша бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои иловагӣ дуошёна буда, дорои 8 синфхона барои 400 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст.

Бо васеъ гардидани ҳудуди маҳаллаи аҳолинишин ва сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон зарурияти сохтани синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада буд.

Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо шиору навиштаҷотҳои таълимию тарбиявӣ оро дода шуда, намои бино зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст. Синфхонаҳо ба мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои таҳсил пурра омода мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ суҳбат оростанд.

Раиси вилоят иқдоми мардум ва соҳибкорони баномусро шоистаи таҳсин хонда, намунаи олии ватандорӣ арзёбӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё кардани шароити мусоиди таълимро дар мадди аввал гузоштааст. Ин аст, ки ҳамасола биноҳои наву замонавӣ бо шароити мусоиди таълим фароҳам мегарданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles