Имрӯз, 30 декабр, дар шаҳри Душанбе Озмунҳои ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғи ҳидоят” ва миёни боғҳои фарҳангӣ “Гулзори маърифат”, ки дар саросари ҷумҳурӣ баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок намуда, ғолибони даври ниҳоии озмунро табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки ба китобу китобхонӣ рӯй овардани мардуми кишварро яке аз ташаббусҳои хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуда, дар идомаи сухани хеш зирк кард, ки имрӯзҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Ҷароғи ҳидоят” маҳз бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардиданд, ки ҷавонону наврасон ва аҳли кишварро водор месозад, то рӯй ба китобу китобхонӣ оранд.
Зимни натиҷагирӣ Боғи марказии фарҳангу фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби Шоҳҷоиза ва Боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин китобхонаи вилоятӣ” Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин сазовори ҷои якум ва Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷои дуюм гардиданд.
Дар номинатсияи “Беҳтарин китобхонаи ноҳиявӣ” бошад, Китобхонаи марказии ноҳияи Ховалин сазовори ҷои сеюм гардид.
Ғолибон бо мукофотҳо ва ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон