Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» дар доираи Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар натиҷа, ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовини ӯ инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомил гардиданд.