СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН», «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ВА «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ», ШАҲРИ БОХТАР, 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
Устодону омӯзгорони азиз!
Ғолибони озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони азизамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи илмомузӣ, забондонӣ, андӯхтани донишу маърифат, ҳисси ватандустию ватанпарастӣ ва эҳтиром ба сарзамини зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаббусҳои сатҳи баланд роҳандозӣ гардида истодааст, ки мисоли возеҳ ба ин баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” арзёбӣ шуда, шуруъ аз соли 2019 инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст.
Бо камоли ифтихор ва самимият ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдомҳои шоиста ва беназир, ки дар баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, рушди нерӯи зеҳнӣ, бахусус дастгирии наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Баргузории ин озмунҳои сатҳи баланд, ки ҷиҳати рушди маънавии ҷомеа, дарку фаҳмиши ҷавонону наврасон ва ривоҷи фарҳангу санъати асили тоҷик мусоидат менамояд, дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи илму фарҳанг заминаҳои мусоидро фароҳам менамояд.
Воқеан, мардуми соҳибмаърифату соҳибфарҳанги тоҷик аз аҳди қадим тавассути илм, адабиёт ва санъати волои ҳунарӣ дар ҷаҳон маъруфу оламгир аст, ки ин анъана миёни қишрҳои гуногун густариш ёфта, то замони мо омада расидааст.
Китоб пурқимматтарин падидаи илмию фарҳангист, ки кулли одамони бомаърифати олам онро чун гавҳари гаронбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро сутуни илмҳои дунё номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо ва рушди фарҳангу маънавиёт борҳо изҳори андеша кардаанд.
Вобаста ба ин, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва “Илм-фурӯғи маърифат” ба тасвиб расида, аз соли аввали тадбиқи ташаббуси баргузории озмунҳо дар даврҳои гуногун қарорҳои раиси вилояти Хатлон низ интишор ва ҷиҳати тадбиқ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардидааст.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол то сол баланд гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли равон барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмӯъ 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташаббуси маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо мақсади тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар ба роҳ монда шуд.
Таҷрибаи соли аввали озмун нишон дод, ки он воқеан сабқате мебошад, ки барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори классикону муосирони адибони тоҷику форс миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҷавонон мусоидат мекунад.
Соли равон дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 62887 нафар иштирок намуда, 120 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Довталабони вилояти Хатлон имсол ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 35 нафар (29%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст оварда, тавонистанд аз ҳама нишондоди баландтаринро дар солҳои баргузории озмун ба даст оварда, соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм гарданд.
Дар сатҳи ниҳоии озмун вилояти Хатлон бо дастовардҳои намоён миёни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол намуда, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 9 нафар, Данғара 8, Восеъ 7, Бохтар 6, Норак, Ёвон, Вахш, Панҷ ва Фархор 1 нафарӣ ғолибони даври ҷумҳуриявӣ дониста шуданд.
Аз фурсати мусоид истифода намуда, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда, муассисаҳои олии касбӣ, Раёсати маорифи вилоят ва дигар мутасаддиёни озмун, ки дар омода намудани довталабон ба сатҳи ниҳоии сабқат саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Бояд гуфт, ки ин нишондод нисбат ба соли якуми баргузории Озмун хеле баланд буда, соли 2019 (соли якуми таъсисёбии озмун) аз 84 нафар довталабон ҳамагӣ 2 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (2%-и иштирокчиён – 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) – ро сазовор гардида буданд.
Бо гузашти шаш соли баргузории ин сабқати зеҳнӣ мо тавонистем завқи китобхонии наврасонро тақвият бахшида, майлу рағбати онҳоро ба омӯхтани илм ва андӯхтани дониш зиёд намоем, ки дар ин кори пурмасъул саҳми омӯзгорону устодон, падару модарон ва кӯшиши ҳамешагии довталабон хеле калон аст.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки новобаста аз ҷой доштани баъзе камбудиву мушкилот дар соҳаи маорифи вилоят нишондодҳои соҳа сол то сол беҳтар гардида, баргузории озмунҳои фаннӣ, маҳфилу чорабиниҳои зеҳнии “Луғатдони беҳтарин”, “Ворисони Пешво”, “Мавлонохонӣ”, “Хонандаи сол” ва дигар ташаббусҳои соҳавӣ ба рушди илм ва ҷаҳонбинии наврасон таъсири мусбӣ расонида истодааст.
Дар робита ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди инфрасохтори соҳа тадбирҳои амалӣ андешида, дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 83 муассисаи таълимӣ, ки дорои 645 синфхона барои 16125 ҷои нишаст мебошанд, ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар моҳи ноябри соли равон ва сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб даҳрӯзаи сеюми моҳи ноябр зиёда аз 20 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, тамоми шароити муосири илмомузӣ ба насли наврас фароҳам оварда шуд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз соли 2021 миёни шавқмандони фанҳои дақиқ эълон гардида, ҳамон сол аз 77 нафар ғолиби даври вилоятӣ дар даври ҷумҳуриявӣ 6 нафар, (8%), соли 2022 аз 76 нафар 4 нафар (5%), соли 2023 аз 128 нафар 21 нафар (16% ва ШОҲҶОИЗА) ғолиб гардиданд, ки сол то сол зиёд шудани шумораи довталабон ва болоравии нишондодҳо ба назар мерасад.
Соли равон дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 58322 нафар иштирок намуда, довталабони шаҳру ноҳияҳои Бохтар 19 ҷои ифтихорӣ, Кӯлоб 18, Данғара 43, Ёвон 11, Ш.Шоҳин, Кӯшониён 5 нафарӣ, Левакант, Хуросон, Ҳамадонӣ 4 нафарӣ, Ҷайҳун, Муъминобод 3 нафарӣ, А.Ҷомӣ, Темурмалик, Фархор, Норак 2 нафарӣ, Вахш, Восеъ, Дӯстӣ, Панҷ, Балҷувон 1 нафарӣ сазовор шуда, 132 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Фаъолияти баъзе Марказҳои омӯзишие, ки дар назди муассисаҳои олии вилоят фаъолият менамоянд, бояд ҷоннок карда шуда, ба рушди фанҳои дақиқ низ таваҷчуҳ зоҳир гардад. Ҳамзамон, муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ таъсиси Марказҳои махсуси омӯзиширо ба нақша бигиранд.
Бо назардошти ин, дастур дода мешавад, ки дар солҳои оянда таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарони муассисаҳои дахлдор дар самти ба дастгирӣ ва тарбияи ҷавонони донишманду соҳибзавқ аз миёни донишҷӯён, аспирантон, докторантон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷалб карда шаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, тавассути баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд, ки василаи муҳими муаррифии ҳунари асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Озмуни мазкур аз соли 2019 аз рӯи жанрҳои гуногуни соҳаи санъат дар панҷ наминатсия чеҳраҳои навро аз миёни ҷавонони хушзавқу бостеъдод муаррифӣ намуда, соли аввали баргузории озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 500 нафарро ташкил медод.
Дар тӯли шаш соли баргузории даврҳои гуногуни озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ роҳ ёфта истодаанд.
Соли равон теъдоди иштирокчиёни Озмун дар вилоят ба 1388 нафар расида, нишондодҳо низ аз 7 ҷои ифтихорӣ дар соли 2019 ба 16 ҷой дар соли равон баробар гардид.
Дар даври ҷумҳуриявӣ (бо назардошти иштирокчиёни иловагӣ) 136 нафар иштирок намуда, 16 нафар (12%-и иштирокчиён) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ -1 ҷойи якум, 8 ҷойи ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм гардиданд.
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва “Илм-фурӯғи маърифат”, ки дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳамовозии баланд касб кардааст, ҷиҳати дарёфти падидаҳои нав, муаррифии истеъдодҳо ва ҷалби табақаҳои гуногун ба китобу мутолиа ва рушди санъати волои ҳунарӣ заминаи мусоид гузошт.
Рафти баргузории озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср хеле афзун шудааст. Ҳамзамон, ин озмунҳо дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути илму ҳунар василаи беҳтарин дониста мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёмҳояшон таъкид менамоянд, ки: «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон соли соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шавад.
Зикр бояд намуд, ки ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳакамон ба фаъолияти довталабон аз рӯйи маҳорату малака, доираи хониш, азхуд кардани осори адибон ва маҳорати эҷодии довталабон баҳогузорӣ менамоянд, ки дар натиҷа беҳтарин довталабон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои типи нав (гимназия ва литсейҳо) ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрантҳо), аспиранту докторантҳо, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ба даврҳои минбаъда роҳ меёбанд.
Нишондодҳои озмунҳои мазкур роҳбарони шаҳру ноҳия, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони Раёсату шуъбаҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, мудирони шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, фаъолони ҷамъиятӣ, китобдорон, омӯзгорон, падарону модаронро водор менамояд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ҳавасмандкуниро дар маҳалҳо пурзӯр намуда, барои насли ҷавон шароити мусоиди илмомузӣ ва рушди санъати ҳунариро фароҳам созанд.
Боназардошти бартараф намудани камбудиҳои зикршуда довталабони вилояти Хатлон имкони хеле мусоид пайдо менамоянд, ки бо сайқал додани маърифату ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди фитрӣ ба натиҷаҳои баланд шарафёб гарданд.
Барои таваҷҷуҳи минбаъда ба заҳмату талош ва ҳавасмандии тамоми иштирокчиёни озмун ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, бори дигар тамоми иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро барои сазовор шуданашон ба ҷойҳои ифтихорӣ самимона табрик менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!