Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои мумфаршнамоии роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Вахшон шинос шуданд.
Роҳе, ки мавриди навсозӣ қарор гирифт, зиёда аз як километрро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, корҳои азнавсозии роҳи мазкур бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ анҷом дода шуда, ин иқдом ҳамчун намунаи возеҳи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми боздид, раиси вилоят бо сокинони маҳалла суҳбати озод анҷом дода, барои саҳми шоистаи онҳо дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон