Кишоварзони вилояти Хатлон дурнамои ҷамъоварии пахтаро ба андозаи 91,53 фоиз иҷро намуданд. То имрӯз 11 шаҳру ноҳияи вилоят дурнамои ҷамъовариро пурра иҷро кардаанд.
Имсол дурнамои ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 254 ҳазору 300 тонна муқаррар гардидааст. То 22 октябр 232 ҳазору 755,6 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияи пахтакор то имрӯз 11 шаҳру ноҳия — Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Кӯшониён дурнаморо пурра иҷро намудаанд.
Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста шуда, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад.
Ин зироатро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон