Имрӯз, 18 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Ҷайҳун дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 16 ҳазору 200 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуданд.
Инчунин, раиси вилоят ба масъулини соҳа, хоҷагидорону мутахассисон, деҳқонон, обмонҳо, механизаторон ва чинакчиёни чобукдаст, ки дар кишту парвариш, ҷамъоварӣ ва оростани хирмани имсола саҳми худро гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 17 октябр 220418,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 87 дарсади дурнамои солона мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз ҳашт шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон ва Ҷайҳун пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон