Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
Раиси вилоят дар суҳбат бо мутахассисон ва сокинон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои сабзкорӣ дар вилоят густариш хоҳанд ёфт ва ҳамзамон, аҳамияти нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашаванда барои таъмини рушди устувори муҳити зист дар мадди аввал бояд бошад.
– Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. А ин рӯ, ин иқдом яке аз марҳилаҳои муҳим дар амалӣ намудани ҳадафҳои ҳифзи табиат ва беҳтар намудани фазои экологӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, – афзуд раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ба роҳ монем ва ба хотири наҷоти табиат ва инсоният корҳои назаррасеро ба анҷом расонем.
Иттилоъ дода шуд, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва гурӯҳе аз мутахассисону фаъолон дар доираи ин тадбири экологӣ дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар беш аз 1000 дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинониданд.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, нишолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон