БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»


Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон имрӯз дар шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фаъолияти толори машқу тамрин – «Фитнес-клуб» ҳусни оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Толори мазкур дар кӯчаи Ҷ.Мирзоқодирова, дар зербинои бинои баландошёна ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 330 метри квадратӣ мебошад.

Толори мазкур аз ҷониби соҳибкор Ҳайдаров Асомиддин ба маблағи умумии 2 100 000 сомонӣ сохта шуда, ба маблағи умумии 2 200 000 сомонӣ бо таҷњизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Толор аз утоқи либосивазкунӣ барои 20 нафар, ҳаммом, ҳоҷатхона, ва қабулгоҳ иборат мебошад. Баъди ба истифода додани толор 12 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо варзишгарон суҳбати озоду самимӣ намуда, онҳоро вазифадор карданд, ки бо истифода аз чунин шароити хуби муҳайёгардида барои расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ҷаҳду талош намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles