Имрӯз, 8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид толори варзишии замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Толори варзишӣ дар таҳхонаи бинои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷойгир буда, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон» тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти муосири машқу тамрин таъмин карда шудааст.
Масоҳати умумии маҷмааи мазкур 451 метри квадратӣ буда, аз қабулгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳоҷатхона, 3 утоқи кории роҳбарият иборат мебошад.
Тибқи иттилоъ корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Сомон сохтмон-иншоот» ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо варзишкорону ҷавонон суҳбат намуда, ифтитоҳи иншоотро ба сокинон муборакбод гуфта, ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш рӯ овардан ҳидоят намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон