Имрӯз, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинои дуошёнаи маркази савдои “Наврӯз” ва фурӯшгоҳи “Қолинҳои Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар ошёнаи якуми бино маркази савдои фурӯши молҳои ниёзи мардум ва хӯрока ва дар ошёнаи дуюм фурӯши қолинҳо ҷойгир карда шудааст.
Бинои мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Саъдуллоев Рамазон сохта шуда, 10 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон