БОХТАР: ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ ВИЛОЯТ

Имрӯз, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи Ҷ. Абдуллоеви шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинои Раёсати кумитаи бехатарии озуқавории вилоятро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, фармоишгари он Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сохтмон аз ҷониби пудратчӣ КСО «Сарбанд» роҳандозӣ гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бино озмоишгоҳ ва дар ошёнаҳои 2 ва 3 утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ барои 60 нафар, меҳмонхона, ошхона ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир аст.

Сохтмони бино моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, ба ҳолати моҳи ноябри соли ҷорӣ пурра ба анҷом расида, бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шудааст.

Бо истифода додани бинои мазкур 30 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Маблағи умумии сохтмон 5 460 000 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳифзи солимии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмин кардани аҳолӣ бо ғизои хушсифат аз ҷиҳати экологӣ тоза дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми шиносоӣ ба шароити муҳайёгардида дар бинои нав ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳангоми суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles