ЁВОН: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВИ КОРКАРДИ ПАХТАИ ҶДММ “САБРИН”


Имрӯз, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон раиси вилоят Давлаталӣ Саид корхонаи нави коркарди пахтаи ҶДММ “Сабрин”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Корхонаи коркарди истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ёвон дар доираи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бо навтари технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафта бунёд шудааст.

Корхона дар як мавсим бо иқтидори коркарди 10000 ва дар як рӯз зиёда аз 130 тонна ашёи хомро доро мебошад. Корхонаи навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шамсиддинзода Сайфулло дар пайрави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармояи хориҷӣ рӯи кор омада, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шудаанд.

Масоҳати умумии замини корхонаи “Сабрин” 3 гектарро ташкил дода, дар он бинои истеҳсолот бо муҷаҳҳазсозии дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдории нахи пахта, пумбадона ҳуҷраҳои корӣ, истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.

Корхона дар марҳилаи санҷишӣ наздики ду ҳазор тонна ашёи хомро коркард карда, дар натиҷа зиёда аз 500 тонна маҳсулоти тайёр, 1200 тонна пумбадона ва 600 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол кардааст.

Ашёи хоми корхона аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия харидорӣ ва мавриди коркарду бандубаст қарор дода мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ояндаи наздик дар шафати корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сехи равғанбарорӣ, коркарди ришта ва сардхона бунёд карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба иқдоми созандаи соҳибкор дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ баҳои баланд доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles