ӮЗБЕКИСТОН: БОЗДИД АЗ ЧАНД КОРХОНАИ БУЗУРГИ ИСТЕҲСОЛӢ


Имрӯз, 26 сентябр, ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз корхонаҳои бузурги истеҳсолии ноҳияи Термиз дидан кард. Аз ҷумла, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли қолинҳои ҶДММ «Термиз миллии қолинҳо», ҶДММ «Афросиёб парранда» истеҳсоли хуроки чорво ва ҶДММ «Gold Dried Fruits Export» ва аз корхонаҳои коркарди меваю сабзавот шинос шуд.

Раиси вилояти Хатлон пас аз азназаргузаронии равандҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёр ба раиси вилояти Сурхондарё пешниҳод намуд, ки бо истифода аз иқтидори соҳибкории минтақаи мазкур метавонанд лоиҳаҳои нави ояндадорро дар Тоҷикистон амалӣ созанд. Роҳбарон инчунин масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ ва мубодилаи молро муҳокима карданд.

Инчунин, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли Сурхондарё, ки дар майдони кушоди ҶДММ «Афросиёб парранда» ташкил карда шуд, таваҷҷуҳи зиёд пайдо карда, ба фаъолияти соҳибкорони ин минтақа мо баҳои баланд доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles