Имрӯз, 10 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бохтар майдончаи бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуданд.
Майдончаи бозии кӯдакон аз ҷониби Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Филиали КВД Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт дар минақаи Бохтар бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо дастуру супориши раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон бояд аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гардад. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр бомаром идома доранд.
Раиси вилоят бо сокинон ҳамсуҳбат шуда, афзуд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд.
Инчунин, ба масъулин дастур доданд, ки майдончаҳо ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот ба таври замонавӣ бунёд намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон