МУЛОҚОТИ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БО СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Рӯзи 29 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Муззафар бо як гурӯҳ соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот Хақулов Аҳадулло, муовини директори ҶСК “Ӯзтекстилпром”, Саидов Комолиддин, муассиси ҶДММ “Денов текстил кластер, Эрқулов Ғолиб, муассиси “Бунёдкор кластер”
ва Саидов Суннат, котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Мирзозода Музафар, муовини якуми раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ баён доштанд, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистони яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мо ба шумор меравад.

– Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад, – афзуд муовини раиси вилоят.

Хақулов Аҳадулло, муовини директори ҶСК “Ӯзтекстилпром”
зимни мулоқот баён доштанд, ки ҳадафи мо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва матоъ мебошад.

Дар хотима ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles