МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶДММ «ПАХТАИ КӮЛОБ»

Рӯзи 16 феврал, зимни сафари корӣ ба Федератсияи Россия раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Харсиев Руслан Исаевич — директори генералии ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» ва Базоев Сергей Заурбекович — ҷонишини директори генералии ҶС «Прмышленные активы» мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ низ ҳузур доштанд.

Нахуст раиси вилоят барои пазироии гарму самимӣ изҳори ташаккур намуда, зикр карданд, ки ин сафар як қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Хатлон бо минтақаҳои Россия дар ҳоли рушд қарор дорад.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зикр намуданд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ имкони густариши ҳамкориҳо ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории вилояти Хатлон ва минтақаҳои Федератсияи Русияро фароҳам меорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар соли 2022 дар Форуми иқтисодии “Кӯлоб Фуд” шартнома оид ба бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи Озоди Иқтисодӣ ба имзо расонида шуд. Заминаи асосии ин созишнома ин ҷудо намудани қитъаи замин ба ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” барои хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ баҳри истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ – пахта мебошад.

Дар ҳамин асосос бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 декабри соли 2023, таҳти №662 аз ҳисоби заминҳои дар истифодаи заминҳои кооперативи С.А.Ҳамадонӣ буда 1582,83 га ва кооперативҳои Сабз-Ну Хатлон 312,02 га, ҷамъи умумӣ 1894,85 га ба ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” дода шуданд. Самти истеҳсоли тухмипарварии заминҳо тағйир наёфтааст. Ширкати мазкур бо номи ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» дар сохторҳои марбута (омор, андоз ва ғайра) ба қайд гирифта шуд. Ширкат аллакай 20 адад техникаи худро ба шаҳр ворид намуд ва то имрӯз алакай 500 га заминҳо шудгор карда шуданд ва ин кор идома ёфта истодааст.

Ширкати мазкур тибқи созишнома дар Минтақаи Озоди Кӯлоб маҷмааи корхонаҳои бофандагию ресандагиро бунёд карда, аз 4 то 6 ҳазор сокинони маҳаллиро бо шуғл фаро мегирад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles