БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ ВАРЗИШГОҲИ “ПАХТАКОР”


Имрӯз, 1 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар огоҳ гардиданд.

Раиси вилоят ба нақшаи иншоот шинос гардида, таъкид намуданд, ки ҷараёни корҳо зери назорат қарор дорад ва корҳои сохтмонӣ бояд дар фурсати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Дар доираи “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026”, ки аз 3 декабри соли 2021, №516, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар пурра таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Варзишгоҳи “Пахтакор” аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ва шаҳр бо маблағи 6 миллион сомонӣ бозсозӣ хоҳад шуд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар дохили варзишгоҳ бомаром идома дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ бо усули муосири меъморӣ дар назар аст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles