РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД

БОХТАР, 5 ноябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси Шӯрои директорони ширкати «Тайда Кэчуан», масъули генералии Дафтари ҳамоҳангсозии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Чин, ҷаноби Цзиян Фэн ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, таъкид карданд, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеи иқтисодию истеҳсолӣ буда, барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва инфрасохтор аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди иқтисоди минтақа ба шумор рафта, барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Дар идомаи суҳбат раиси вилоят омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи сармоягузорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ баён намуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles