Сокинони сарбаланди вилояти Хатлон,
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шумо — сокинони шарафманду заҳматқарини вилояти Хатлонро ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди вилоят оромию саодат ва ба якояки шумо тандурустӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, санади сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, қабули он марҳилаи тозаеро барои давлатдории навини мардуми тоҷик оғоз бахшид.
Бояд иброз дошт, ки худи қабули Қонуни асосии мамлакат дар давраи мураккабу ҳассоси таърихи кишвар баёнгари иродаи қавии мардуми Тоҷикистон барои муайян намудани роҳи ояндаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мерафт.
Иштироки фаъоли мардум дар марҳилаи муҳокимаи умумихалқии он, бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ, анъанаҳои давлатдории миллӣ ва ормонҳои мардуми тоҷик таҳия гардидани ин санади муҳим, бар замми мушкилоти зиёди мавҷуда, дар он ҷой додани танҳо ва танҳо хостаҳо ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистон таҷассумгари тафаккури баланди сиёсӣ, иродаи қавии давлатдорӣ ва мавҷудияти фарҳанги ғанию таърихии баланди сиёсии халқи Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид.
Ин санади олии ҳуқуқӣ ҷомеаро атрофи ҳадафҳои гузошташуда муттаҳид сохт ва роҳро ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муқаррар намуд. Роҳеро муайян кард, ки аз умқи дили мардум бармеомад ва сирф иродаи халқи азизи Тоҷикистон буд.
Ин аст, ки имрӯз бо ифтихор ва қатъият иброз медорем, Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва раҳнамои рушди давлату ҷомеаи мост.
Дар он соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва масъулияти мақомоти давлатӣ дар назди мардум муқаррар гардидааст. Эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ мазмуну моҳияти инсондӯстонаи Конститутсияи кишвари моро ифода мекунад.
Дар таҳкими асосҳои давлатдории муосири тоҷикон ва фароҳам овардани заминаи қабули Конститутсияи нав нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар он марҳалаи тақдирсоз, сарфи назар аз душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ, масъалаи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу субот ва муайян кардани роҳи ояндаи давлат дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти мамлакат қарор гирифт.
Солҳои сипаришуда дурустии роҳи интихобкардаи мардуми Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзона ва роҳнамою ғамгусори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд.
Меъёрҳои Конститутсия барои таҳкими пояҳои истиқлолу давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Бо саъю талоши мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардид.
Ҳамдиёрони азиз!
Вилояти Хатлон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Бо меҳнати софдилона ва ташаббусҳои созандаи сокинон, соҳибкорон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дар гӯшаву канори вилоят корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат ёфта, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта ва навсозӣ мешаванд.
Ин пешравиҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва баланд шудани иқтидори иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят мусоидат менамоянд. Саҳми ҳар як сокини ватандӯст, ки бо меҳнати ҳалол ва ташаббуси созанда дар ободии маҳали зист ва пешрафти Ватан ширкат мекунад, шоистаи қадрдонӣ мебошад.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои сокинони вилояти Хатлон давраи фарогири ташаббусҳои созанда ва корҳои ободонӣ гардид. Бо ҳисси баланди ватандӯстӣ мардуми вилоят дар бунёду азнавсозии иншоот ва ободии шаҳру деҳот саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи онанд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба Конститутсия ва дигар қонунҳо, таъмини волоияти меъёрҳои Қонуни асосӣ ва санадҳои дар асоси он қабулшуда, барои зиндагии шоиста ва пешрафти устувори ҷомеа заминаи муҳим гузоштанд.
Мо вазифадорем, ки Конститутсия ва арзишҳои дар он таҷассумёфтаро гиромӣ дошта, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро эҳтиром намоем, қонунияту тартиботи ҷамъиятиро риоя кунем ва барои таҳкими ваҳдати миллӣ пайваста талош варзем.
Ҳамзамон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, аз худ кардани илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир вазифаи муҳими ҷомеа ва ҳар як оила мебошад.
Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ, меҳнати содиқона ва ҳисси баланди масъулият дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими қонуният, рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар, ҳамаи сокинони вилояти Хатлонро ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, сулҳу оромӣ, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ваҳдати пойдор ва ба Ватани маҳбубамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

