БОХТАР, 13 июл. Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. ҷаноби Ян Сисюн мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили боғҳои муосири интенсивии себ, истеҳсоли ниҳолҳои баландсифат, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи агросаноатӣ, инчунин нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат таъкид намуданд, ки вилояти Хатлон бо доштани иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва имкониятҳои васеи рушди соҳаи боғдорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ шароити муносиб фароҳам овардааст. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи самараноки ин имкониятҳо метавонад ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат намояд.
Дар навбати худ, ҷаноби Ян Сисюн аз омодагии ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. барои рушди ҳамкориҳои амалӣ бо вилояти Хатлон изҳори назар намуда, таҷрибаи ғании ширкатро дар самти парвариши навъҳои серҳосили себ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва истифодаи технологияҳои муосири агросаноатӣ муаррифӣ кард. Зикр гардид, ки татбиқи чунин таҷриба метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва рушди содироти меваю маҳсулоти боғдорӣ мусоидат кунад.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши имкониятҳои таъсиси боғҳои интенсивии себ, муайян намудани қитъаҳои замини мувофиқ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар самтҳои нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба рушди соҳаи боғдорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин саҳми назаррас гузорад.
Дар анҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб аз натиҷаҳои суҳбат изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъкид карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

