ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

11 июл, дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуданд. Дар ин вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ низ ширкат варзиданд.

Зимни қабул сокинон арзу муроҷиатҳои худро, ки бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор марбут буданд, ба роҳбарияти вилоят ироа намуданд. Муроҷиатҳо асосан ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, сохтмони варзишгоҳ, насбу васли табдилдиҳандаи барқ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманд ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ вобаста буданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон бо диққат гӯш дода, барои баррасӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас доданд. Мавсуф таъкид намуданд, ки бо афзоиши аҳолӣ дар деҳоти ноҳияи Ховалинг талабот ба мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, оби нӯшокӣ ва неруи барқ меафзояд ва барои қонеъ намудани ниёзҳои мардум бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки мақсади чунин қабули шаҳрвандон расидан ба мушкилоти мардум аз наздик ва таъмини ҳалли босамари онҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор мебошад.

Раиси вилоят ба масъулон дастур доданд, ки муроҷиатҳои мардумро сари вақт ва бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, вусъати корҳои азнавсозиву ободонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамзамон, барои ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар анҷом зикр гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияти вилоят беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таъмини қаноатмандии сокинон аз фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад.

Баъди анҷоми қабули сайёр раиси вилояти Хатлон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Ховалинг мулоқот намуданд.

Дар мулоқоти мазкур аз пешрафту дастовардҳо, ҳамзамон мушкилоту камбудиҳои соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, масъулин ва фаъолон вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрам саҳми арзанда гузоранд.

Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, рафъи бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ҳодисаҳои атроф, таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо ва расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон вазифаи меҳварии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles