РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИВУ ОБОДОНӢ БОЗДИД НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ, 11 июл. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз як қатор иншооти муҳими соҳаҳои маориф ва варзиш боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия аз наздик шинос шуданд.

Нахуст, Раиси вилоят аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ки барои 220 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст ва айни ҳол ба таъмиру азнавсозии асосӣ ниёз дорад, боздид намуданд. Зимни шиносоӣ бо вазъи муассиса таъкид гардид, ки муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлаталӣ Саид ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба таъмири муассиса ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Чепи Воло аз рафти сохтмони муассисаи нави таълимӣ, ки барои 480 хонанда дар ду баст бунёд мегардад, шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил, коҳиш додани норасоии ҷойи нишаст ва беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои таълимӣ аҳаммияти калон дорад.

Зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи муҳлати иҷрои корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба сохтмончиён ва масъулони соҳа ҷиҳати анҷоми босифату саривақтии иншоот дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо масъулон ва сохтмончиён таъкид намуданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва риояи меъёрҳои сохтмонӣ бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошад, зеро ҳар як иншооти иҷтимоӣ барои солҳои зиёд ба мардум хизмат мерасонад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles