ҲАМАДОНӢ. 7 июл. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳои Чорбоғ ва Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки азнавсозии роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳаҳои Чорбоғ ва Сайроб амалӣ гардида, дарозии умумии он 14,7 километр мебошад. Ҳадафи татбиқи лоиҳа беҳтар намудани шароити рафтуомади сокинон, осон намудани интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳал арзёбӣ гардид.
Корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, то имрӯз корҳои сангфаршкунӣ ва тахту ҳамворсозии қитъаҳои роҳ пурра ба анҷом расидаанд. Дар ин давра 3,7 километр роҳи мазкур бо маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мумфарш гардида, корҳои асфалтпӯшкунии қисматҳои боқимонда бо суръат идома доранд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи пурраи лоиҳа дар маҷмуъ 6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Ин иқдом бо дастгирии фаъоли соҳибкорон ва саҳмгузории сокинон амалӣ гардида, бозгӯи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо мебошад.
Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои роҳсозӣ ба ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳо дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим доранд. Ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати корҳои роҳсозӣ, риояи талаботи техникӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми боздид таъкид гардид, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур шароити рафтуомади сокинони деҳаҳои Чорбоғ ва Сайроб ба таври назаррас беҳтар гардида, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад омад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

