САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ФАРХОР ВА МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ БОЗДИД НАМУДАНД

Фархор / Ҳамадонӣ, 06.07.2026. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои осебпазири соҳили дарёи Панҷ дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуданд.

Зимни боздид масъулин бо ҷараёни корҳои муҳандисӣ, сохтмони саддҳои муҳофизатӣ, истифодаи техникаи махсус ва татбиқи чораҳои пешгирии эрозияи соҳилҳо шинос шуданд. Таъкид гардид, ки пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус шуста шудани соҳилҳои дарёи Панҷ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, барои ҳифзи ҳаёти аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади густариши корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз 20 марти соли 2026 аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад техникаи махсус ба мавзеъҳои хавфноки ноҳияи Фархор сафарбар гардидааст. То имрӯз зиёда аз 10 ҳазору 565 адад тахтасанги оҳану бетонӣ ба соҳилҳои дарёи Панҷ интиқол ва насб карда шуда, бо усули «шпора» саддҳои муҳофизатӣ бунёд гардидаанд.

Ҳамзамон, дар ноҳия беш аз 9 600 метри мукааб сангу шағал ба мавзеъҳои хавфнок интиқол ёфта, садди муҳофизатӣ бо паҳноии 13 метр ва баландии 2 метр омода карда шудааст. Дар қитъаҳои алоҳида, аз ҷумла Лесхоз ва Марғзор, корҳои заминӣ ва насби саддҳои муҳофизатӣ идома дошта, садҳо метр соҳил барқарор гардидааст.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома доранд. Дар ин ноҳия ҳазорон адад тахтасанги оҳану бетонӣ насб гардида, садди муҳофизатӣ дар қитъаҳои осебпазир бунёд ва барқарор шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин корҳои тозакунии маҷрои дарёи Панҷ ва таҳкими соҳилҳо бо истифода аз техникаи муҳандисӣ анҷом дода мешаванд.

Сарвазири мамлакат ба масъулин дастур доданд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо сифати баланд, истифодаи самараноки техника ва риояи меъёрҳои муҳандисӣ сари вақт анҷом дода шаванд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин тадбирҳо барои пешгирии обхезӣ, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва таъмини амнияти сокинон аҳамияти муҳим дорад.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ва таҳкими инфрасохтори соҳилмустаҳкамкунӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Корҳои ҷорӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ яке аз намунаҳои амалии ин сиёсати созанда арзёбӣ мегарданд.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ тибқи нақша идома дошта, масъулин барои анҷоми саривақтӣ ва босифати онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар намудаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles