ҶАЙҲУН, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт, ки дар деҳаи Кӯҳдоман бунёд мегардад, боздид намуда, бо рафти татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии мамлакат шинос шуданд.
Зимни боздид ба роҳбарияти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин неругоҳи офтобӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди «иқтисоди сабз», истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими амнияти энергетикии кишвар амалӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки неругоҳи офтобии 250-мегаваттӣ аз ҷумлаи бузургтарин лоиҳаҳои энергетикаи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сармоягузори Ayon Energy бунёд мешавад. Лоиҳаи мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 роҳандозӣ гардида, қисми таркибии барномаи сармоягузории 250 миллион долларӣ барои бунёди ду неругоҳи барқии офтобӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ашт мебошад.
Масъулон иброз доштанд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба таври назаррас афзоиш ёфта, эътимоднокии низоми таъминоти барқ беҳтар хоҳад шуд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа барои рушди инфрасохтори маҳаллӣ, ҷалби технологияҳои пешрафта, афзоиши сармоягузории хориҷӣ ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки дар марҳилаи сохтмон садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардидаанд. Пас аз анҷоми сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ бошад, барои истифода, идоракунӣ ва хизматрасонии он ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода мешаванд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлатҳои пешбинишуда, истифодаи босифати масолеҳи сохтмонӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва анҷоми босамари лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид карда шуд, ки бунёди чунин неругоҳҳои бузурги офтобӣ дар баробари баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Айни замон корҳои омодагӣ ва сохтмон мутобиқи нақшаи тасдиқшуда босуръат идома дошта, ҷараёни татбиқи лоиҳа таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор қарор дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

