ПАНҶ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №32 БАРОИ 240 ХОНАНДА

ПАНҶ, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, ки барои 240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил ва фароҳамсозии имкониятҳои иловагӣ барои хонандагон равона шудааст.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2024 оғоз гардида, тибқи нархгузории ҳамон сол арзиши умумии лоиҳа 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии қитъаи ҷудогардида 0,10 гектар буда, 1800 метри мураббаъ онро бинои таълимӣ ташкил медиҳад.

Бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 синфхонаи фаннӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он имкониятҳои таҳсил дар муассиса васеъ гардида, сатҳи таълим дар шароити муосир беҳтар карда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар муассисаи мазкур дар маҷмӯъ 509 хонанда таҳсил менамояд, ки аз онҳо 223 нафар писарон ва 286 нафар духтарон мебошанд. Бунёди бинои иловагӣ барои коҳиш додани зичии синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтари таълим мусоидат хоҳад кард.

Зикр шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 8–10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардида, маоши онҳо аз 2000 то 3000 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки ин иқдом ба дастгирии шуғли аҳолӣ низ мусоидат намудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои ободонӣ атрофи муассиса низ навсозӣ гардида, 100 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд, ки барои рафтуомади хонандагон шароити мусоид фароҳам меорад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат буда, бунёди чунин иншооти замонавӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим аҳамияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles