ПАНҶ, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ аз рафти нашъунамои зироати пахта дар хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» боздид намуда, бо фаъолияти хоҷагӣ ва ҳолати кишти зироатҳо шинос гардиданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» соли 2008 таъсис ёфта, дорои 5,65 гектар замини кишоварзӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ пахтакорӣ буда, роҳбарии онро Тавуров Бахтиёр ба уҳда дорад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз масоҳати умумии замин 4,65 гектар ба кишти пахта, 0,60 гектар ба кишти такрории каду ва 0,40 гектар ба кишти беда рост меояд. Дар хоҷагӣ усулҳои муосири парвариши зироат, аз ҷумла истифодаи пӯшиши плёнкавӣ дар кишти пахта ба кор бурда мешавад, ки ба беҳтар шудани нашъунамои зироат мусоидат менамояд.
Масъулон иброз доштанд, ки истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ дар хоҷагӣ ба баланд гардидани ҳосилнокӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишт замина фароҳам меорад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи дурусти обу замин, татбиқи усулҳои пешрафтаи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тавсияҳо дода, таъкид намуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимми таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

