ҶАЙҲУН, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти нашъунамои боғи писта ва бодом дар заминҳои ҶДММ «Маркази яклухти Хатлон», воқеъ дар деҳаи Озодӣ, боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати рушди боғдорӣ, истифодаи самараноки заминҳои лалмӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа бунёди боғҳои писта ва бодом ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки писта ҳамчун дарахти сердаромад ва ба иқлими гарм ва хушк мутобиқ буда, барои истифодаи оқилонаи заминҳои камҳосил, талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобида аҳамияти калони иқтисодӣ ва экологӣ дорад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар шудани вазъи муҳити зист, коҳиш ёфтани эрозияи хок ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд.
Тибқи маълумот, ҶДММ «Маркази яклухти Хатлон» аз соли 2020 дар масоҳати умумии 50 гектар боғ бунёд намудааст. Аз ин масоҳат 38 гектар боғи пистаи навъи дарозруяи «Узунатет» ва 12 гектар боғи бодоми навъи «Шоҳона» ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки дар ин хоҷагии кишоварзӣ 10 нафар корманд ба таври доимӣ фаъолият дошта, дар нигоҳубин ва рушди боғҳо саҳм мегузоранд. Роҳбарии ҶДММ «Маркази яклухти Хатлон»-ро Ниёзов Мирзоюсуф Бобоевич ба уҳда дорад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулон ҷиҳати истифодаи босамари заминҳо, нигоҳубини дурусти боғҳо ва густариши минбаъдаи чунин лоиҳаҳои истеҳсолӣ тавсияҳо дода, таъкид намуд, ки рушди боғдорӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

